ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид

Апрель 3, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарори мамлакат вобаста ба ҳадафҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки дар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад.

Ҳангоми баргузории мулоқоти навбатӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Пешвои миллат доир ба равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ, шаклгирии «сиёсати дугона» дар муносибат ба созмону гурӯҳҳои фаъолияташон манъшуда ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз бегонапарастӣ, тақлиди кӯркӯрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ намудан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ биҷӯянд. Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд дар доираи муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқуъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи марзу бум, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмуи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҳамзамон осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандиро дар пешгоҳи қудсияти бақои давлату миллат талаб менамояд.

Файзулло Баротзода ҳамчунин таъкид намуд, ки хусусияти фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми анъанаҳои миллию фарҳангиашонро ба муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ханафӣ мӯшикофона мутобиқ намуданд. Амирони сомонӣ тавозуни беҳтарини давлат ва динро муайян намуда, тамоми тавонмандии арзишҳои диниро дар хидмати пойдории давлати миллӣ қарор доданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ бо баргузории маросими марбут ба иди Фитр ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо намуд ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсир гузошт.

Аслан фазилатҳои наҷиби ин моҳ пойдевори динӣ дошта, ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст.

Дар суханронии Пешвои миллат ҳам таъкид гардид, ки «моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад».

Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмардонаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки давоми моҳи сиёму қиёму қироати Қуръон болидаруҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раъияту сарварон дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва одамияту инсондӯстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мавқеи баланди башардӯстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити асримиёнагӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва изҳори тараҳҳум дар байни ҳамдигарро тақвият бахшид. Воқеан, рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Дар ин моҳи имтиҳони илоҳӣ ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо рафтан, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак расонидан аз ҷумлаи аъмоли хайрхоҳонае, ки ҳар муъмину мусулмонро соҳиби савоби бештар мегардонад.

Дар ҳақиқат, ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти хушнудии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, бахусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир менамоянд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад. Аз ин ҷиҳат, тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳ ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро дучанд месозад. Дар матни рӯзгори мо додани ҳама гуна садақот дар ин моҳ, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни қишри мусулмонони ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Дар иртибот ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар ҳамин мулоқот бисёр ба маврид таъкид намуданд, ки дар ояти 60-уми сураи «Тавба» ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз пайи касби рӯзии ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Бояд донист, ки ҳама гуна рафтори дорои хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкорӣ дар ин масъала ҳикмати садақа доданро коста мегардонад. Воқеан бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократию инсондӯстӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва тасарруфоти нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шавад.  Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифода махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд