ҶАВОНОНИ БАДАХШОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Мо, ҷавонони Бадахшон пайравони Пешвои миллатем» вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рустам Шафизода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ Амид Комилбек доир ба нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон ҷавононро қишри муҳими ҷомеа номида, аз дастовардҳои байналмилалию ҷумҳуриявии онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар корҳои созанда ёдовар мешаванд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшон баён дошт, ки имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвари Бадахшон дар ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар мулоқот доир ба давраҳои вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вазъияти ҷаҳони имрӯза, таъсири бади ҳаракату ҷараёнҳои ифротиву тундгароӣ, қонунвайронкунию дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба ин сохтори давлатӣ сухан гуфта шуд.
Дар охир як зумра омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавони ояндадор фаъолияти пурсамар нишон додаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадридонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






