АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Апрель 22, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ  хотиррасон намуданд, ки «модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем». Дар Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқии шаҳри Хуҷанд  бо мақсади ҳамовозӣ аз  ин даъвати  Сарвари давлат ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. Занону духтарони Коллеҷ  баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ либоси миллӣ, аз ҷумла  атласу адрас ва  чакан ба бар намуда, пос доштани эҳтиром ба онро таъкид карданд. АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш суратгузориш таҳия намуд.

 

Таҳияи Зоҳирҷони ТОИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад