Байни Душанбе ва Тифлис хатсайри мустақими ҳавоӣ кушода мешавад

Апрель 29, 2024 16:45

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба аввалин парвози мустақими ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Гурҷистон 27 апрел дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «FLY TJ».

Ҳамоиши мазкур 200 нафар меҳмонон ва шариконро ҷамъ оварда, дар соҳаи ҳавонавардӣ ва сайёҳии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкатҳои «Easybooking» ва «FLY TJ» баргузор шуда, на танҳо оғози парвозҳо ба Тифлисро тасдиқ кард, балки аз шуруи парвозҳои мустақим ба Миср низ хабар дод, ки он уфуқҳои сайёҳии байналмилалиро барои сокинони Тоҷикистон фарох менамояд.


Дар ҳамоиш намояндагони ширкати «FLY TJ», инчунин маҳсулоти нодири бахши «B2B» — модули корпоративӣ барои ташкили сафарҳои корӣ ва сафарҳои кормандони ширкатро муаррифӣ намуд, ки кӯшиши беҳтар намудани хизматрасониҳои сайёҳии корпоративӣ ва шарикони корпоративиро инъикос менамояд. Илова бар ин, дар бораи оғози парвози чартерӣ ба Урдун, ки 6 июн ба нақша гирифта шудааст, хабар дод шуд, ки он барои дастгирии тими миллии футбол дар бозии ҳалкунанда бо тими Урдун ташкил гардидааст.

Ба иштирокдорони ҳамоиш инчунин, иқтидори сайёҳии Гурҷистон, аз ҷумла хатсайрҳои эксклюзивӣ ба шаҳрҳои зебоманзари Тифлис, Боржоми ва Батуми, ки имкони шиносоӣ бо мероси фарҳангӣ ва табиии ин давлатро фароҳам меоранд, муаррифӣ гардиданд.

АКС: ширкати «FLY TJ»

Апрель 29, 2024 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад