Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум зимни ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун аз ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба ошкору пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, пешгирӣ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани таҷҳизоти муосир ва тақвият бахшидан ба ҳамкории зичи мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






