Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел, соати 19:09 бар асари бориши боронҳои пай дар пай дар ноҳияи Ховалинг дар километри 60400-и шоҳроҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии самти ноҳияи Восеъ-Ховалинг, дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг фурӯравии роҳ бо дарозии 30 метр ва паҳнои 3,5 метр сабт шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар айни замон роҳ дар ин мавзеъ муваққатан баста аст.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шабонарӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо, кӯҳ ва доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд.
Сокинон бояд қабл аз омадани сел ҷӯйборҳо, канал ва селроҳаҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу партов ва сангу рег тоза намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






