Бар асари обхезӣ дар Қазоқистон беш аз 11 ҳазор нафар кӯчонида шуд

Апрель 1, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон бинобар обхезӣ беш аз 11 ҳазор нафарро аз минтақаҳои аҳолинишин кӯчониданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мубориза бо обхезӣ ва рафъи оқибатҳои он таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ  Олжас Бектенов иттилоъ додааст.

«Дар маҷмуъ 11 306 нафар аз минтақаҳои фавқулода тахлия шуданд. Дар марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ 5 ҳазору 456 нафар қарор доранд», — омадааст дар хабар.

Корҳои барқарорсозӣ дар 40 роҳи обшуста, пул ва 39 рӯйпӯши роҳ идома доранд. «Бо маҳалҳои аҳолинишине, ки бе алоқаи нақлиётӣ мондаанд, робита барқарор шуда, захираҳои зарурии озуқаворӣ ва доруворӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба аҳолии минтақаҳои дорои вазъияти фавқулода ба таври шабонарӯзӣ, аз ҷумла бо ёрии ҳавопаймоҳо ёрӣ расонида мешавад. Ба кор беш аз 7 ҳазор нафар, беш аз 2 ҳазор техника, аз ҷумла таҷҳизоти обкашӣ, киштиҳо ва ҳавопаймоҳо ҷалб шудаанд», — шарҳ доданд дар хадамоти матбуот.

Пуркунии обанборҳо ва дарёҳо назорат мешавад. Дар айни замон обанборҳои Актюбе, Саздинск, Ашисуйск, Жартасс дар реҷаи транзитӣ кор намуда, партофти фаъоли об идома дорад. Обанбори Каргалинск дар реҷаи пуршавӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои вазорати вазъияти фавқулодаи Қазоқистон, бар асари обхезии густурда дар чанд минтақаи вилоятҳои Актюбе, Қӯстанай, Қазоқистони Ғарбӣ, Абай, Улитау ва Оқмола вазъияти фавқулодаи дорои миқёси маҳаллӣ эълон шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад