Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид

Апрель 26, 2024 18:22

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Танзания бар асари обхезии шадид, ки дар натиҷаи бориши зиёд ба вуҷуд омад, 155 нафар ҳалок гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус  сарвазири Танзания Касим Маҷалива изҳор дошт.

«Беш аз 51 ҳазор хоҷагӣ ва 200 ҳазор нафар зарар дидаанд»,-иқтибос меорад суханони сарвазирро рӯзномаи «The Citizen».- 155 нафар ҳалок, 236 нафар захмӣ ва зиёда аз 10 ҳазор манзил бо дараҷаҳои гуногун вайрон шудаанд».

Дар баробари Танзания обхезӣ давлатҳои ҳамсояи Мозамбик ва Кения, инчунин Бурундиро фаро гирифт. Дар Кения офати табиӣ 40 нафарро ба ҳалокат расонида, шумораи умумии ҳалокшудагон аз 60 ҳазор нафар гузашт. Дар Бурунди 100 ҳазор нафар шахсони муваққатан кӯчонидашударо ташкил додаанд. Сомалӣ барои рафъи офати табиӣ ва ҷилавгирӣ аз хавфи обхезӣ дар оянда тадбирҳои муассир меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2024 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд