«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд

Апрель 8, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2024  дар бораи баргузор намудани  фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.

Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, вусъат додани  корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Иброз гардид, ки тибқи нақша дар доираи фестивал  корҳои шинонидани тухмии  пиёзаки гули лола  ҳанӯз аз моҳи ноябри соли  2023  оғоз гардида,  дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр  зиёда аз 6 миллиону шашсад ҳазор дона  пиёзаки гули лола  бо дизайн ва композитсияи муосир шинонида шуд.


Озмун аз панҷ номинатсия: «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ё хиёбони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин» иборат буда, дар ду давр -ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  гузаронида шуд.

Дар озмун роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ғолибони озмун мукофот супориданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳамаи номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10 ҳазор, 7 ҳазор ва 5 ҳазор  сомонӣ қадрдонӣ  шуданд.

Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» — Боғи «Аҳмади Дониш» зинаи 1-ум  ва маблағи 10 ҳазор сомониро соҳиб гардид.

Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоот» (Боғи устод Рӯдакӣ) ҷои 2-юм ва 7 ҳазор сомонӣ, инчунин Боғи ба номи Садриддин Айнӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 3-юм ва 5 ҳазор сомонӣ мукофот гирифтанд.


Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» —гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, гулгашти назди муҷассамаи Садриддин Айнӣ зинаи дуюм ва гулгашти хиёбони Исмоили Сомонӣ, ноҳияи Сино ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» — хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино ҷойи якум, кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) ҷойи дуюм, хиёбони Рӯдакӣ (н. И.Сомонӣ) ҷойи 3-юмро гирифтанд.

Дар номинатсияи «Композитсияи беҳтарин»  мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи якум, мавзеи назди бинои Сирки давлатӣ- ҷои дуюм ва мавзеи гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.

«Гулпарвари беҳтарин» — корманди «Раёсати истифодабарии роҳҳо»-и ноҳияи Шоҳмансур Муҳсиддин  Соибов дониста шуд.

Ҷойи 2-юм ба гулпарвари Муассисаи давлатии «Раёсати истифодабарии роҳҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ Амина Алиева дода шуд. Гулпарвари Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»- и ноҳияи Сино Робияхон Сафарова ҷойи 3-юмро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо -«Сайри гули лола» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Он бо баргузории барномаи бошукуҳи фарҳангӣ анҷом ёфт.

 

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид