ЧӢ ВА ЧАНД СОМОНӢ МЕФУРӮШАНД. Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз шуданд

Апрель 3, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардиданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов иттилоъ дод.

Ба иттилои мутахассис, дар айни замон нархҳо нисбат ба нархи бозорҳои хусусӣ ва марказҳои савдо 20,25 фоиз арзонтар мебошанд. Аз ҷумла, 50 кг орди истеҳсоли Қазоқистон 260 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 60 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ 68 сомонӣ, 1 кг шакар 10,5 — 11 сомонӣ, 1 кг биринҷ аз 11 то 15 сомонӣ, 1 кг картошка аз 3,5 то 4 сомонӣ, пиёз 2 сомонӣ, сабзӣ, карам ва дигар маҳсулоти полезӣ  бо нархи 1 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ярмаркаҳо дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Истиқлол» дар назди таваққуфгоҳи бозори «Меҳргон», дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и ноҳияи Шоҳмансур, дар таваққуфгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат»- ноҳияи Фирдавсӣ ва дар таваққуфгоҳи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ярмаркаҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил шудаанд.

Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе аз ҷониби  КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар асоси шартномаи тарафайн  бо ширкатҳои молтаъминкунандаи хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус ва Ҳиндустон  то 2 апрели соли 2024 ба миқдори 340 тонна орд, 337,5 тонна равғани растанӣ, 2032 тонна шакар, 581,5 тонна биринҷ ва 1390 тонна гандум харида шудааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи мутахассис, дар айни замон бақияи маҳсулот дар анборҳои корхона то 2 апрел   1135 тонна орд, 671,5 тонна равғани растанӣ, 330,4 тонна шакар, 615,8 тонна биринҷ, 3807 тонна пиёз, 1352 тонна картошка ва 742 тонна сабзиро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ярмаркаҳо то 9 апрел идома меёбанд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд