Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо

Апрель 25, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар яке аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо — Ҷумҳурии Италия қарор доранд.

23 апрел дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Италия баргузор карда шуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз маросими истиқболи расмӣ, аксбардории якҷоя, муаррифии ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб мулоқоти хоссаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гумантирӣ баррасӣ шуданд.

Муҳокимаи масъалаҳои мазкур аз ҷониби ҳайатҳои расмии ду давлат дар доираи васеъ идома дода шуд. Дар натиҷаи мулоқоту муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда муайян карда шуд, ки Тоҷикистон ва Италия имконият ва шароити фарох доранд, то ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургия, маъдану кимиё, инчунин саноати сабук, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ амалӣ намоянд. Дар ин маврид ҷалби сармояи мустақими Италия ба рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду давлат манфиатовар дониста шуд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва содироти он ба кишварҳои Аврупо тамоми заминаҳои ҳуқуқиву воқеӣ фароҳам оварда шудаанд. Зиёда аз ин захираҳои истифоданашуда дар ин самт хеле фаровон мебошанд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ

Таъсис додани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Рим, густариш додани робитаҳо байни муассисаҳои маорифи ду давлат, аз ҷумла ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри  таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Италия низ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Изҳор карда шуд, ки вобаста ба ин мавзуъҳо тадбирҳои амалӣ анҷом дода шаванд.

Дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Италия ҳамкории ду давлатро дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дигар ташкилоту созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистону Италия аъзо ҳастанд, амри ниҳоят зарурӣ донистанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ташаббусҳои Тоҷикистонро дар робита ба об, тағйирёбии иқлим, зарурати ҳифзи пиряхҳо ва рушди иқтисоди «сабз» ҷонибдорӣ намудааст.

Албатта, зимни мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Италия вазъияти мураккаби сиёсӣ низ баррасӣ гардид. Изҳор карда шуд, ки ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории самарабахш дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир омода буда, ин ҳамкорӣ ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Ба ин тартиб сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия, мулоқоту музокироти сатҳи олии ду давлат  самтҳои наву афзалиятноки ҳамкории манфиатовари байнидавлатиро муайян  намуд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Аз ҷумлаи ин самтҳои нав, густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки Тоҷикистон захираҳои фаровони истифоданашудаи табиӣ дорад. Сармояи мустақими Италия, ки аз вобастагиҳои сиёсӣ озод аст ва он аслан аз хусусияти амалӣ бархурдор аст, метавонад дар коркарди маҳсулоти Тоҷикистон иштирок дошта бошад ва содироти онро ба кишварҳои Аврупо — бозори барои Италия шинос ташкил кунад.

Баъдан метавон дар ин маврид аз кушода шудани парвозҳои мустақим, густариш додани робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ, ташкил ва амалӣ намудани барномаи мубодилаи донишҷӯён ёдовар шуд. Ин, воқеан, Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро ба Италия ва ин кишвари зебои Аврупо ва фарҳангу таъриху тамаддуни онро ба  мо шинос ва наздик менамояд. Бо амалӣ шудани  ин тадбирҳо  амнияту эътимод, боварӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар мисоли ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Италия таъмин карда мешавад. Зеро он ҷое ки сармояи хориҷӣ аст, ҳамаи тадбирҳо баҳри амнияти он амалӣ карда мешаванд. Дар баробари ин он ҷое, ки сармояи мустақим, рушди саноату истеҳсолот, ҳамзистии осоишта аст, суботу амният низ мустақар мегардад.

Сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари пешрафтаи Аврупо — Ҷумҳурии Италия, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, баррасии масъалаҳои муфиду муҳим байни ҳайатҳои расмии ду мамлакат исботи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунёвӣ, ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон мавқеяшро устувор нигоҳ медорад ва сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро дар амал татбиқ менамояд.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Апрель 25, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд