Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷопонӣ, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ) оид ба ҷудо, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, қаҳрамони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF Шоҳей Оно ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Паҳлавони 32-солаи ҷопонӣ Шоҳей Оно бо даъвати Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар Гран Слами Душанбе 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин рақобатҳои ҷудои Гранд-Слами Душанбе-2024 дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо 3-5 майи имсол дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






