Дар Амрико дар натиҷаи тирпаронӣ дар тарабхона як нафар ҳалок ва чанд нафар захмӣ шуданд

Апрель 1, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронӣ дар тарабхонае дар шаҳри Нэшвилл дар иёлати Теннессии Амрико як нафар ҳалок ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе идораи пулиси маҳаллӣ дар саҳифааш дар X (собиқ Twitter) иттилоъ додааст. “Муфаттишон барои муайян намудани сабабҳои тирандозӣ зимни наҳории рӯзи якшанбе кор мебаранд”,- гуфта шудааст дар изҳорот. -Як нафар ҳалок шуда, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои на он қадар вазнин бардоштаанд”.

Гуфта мешавад, ки тирпаронӣ 31 март, тақрибан соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ба амал омадааст. Гумонбаршуда аз ҷойи ҳодиса бо мошин фирор намудааст, ҷустуҷӯи ӯ давом дорад. Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, ӯ панҷ нафарро маҷруҳ намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад