Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд

Апрель 17, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ашқобод Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон  Вафо Ниятбекзода бо намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон чорабинии дарпешистодаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028»-ро, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид