Дар Душанбе Фестивали «Сайри гули лола» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали гулҳо баргузор шуд.
Тибқи иттилои сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмад Акрампур, Фестивали «Сайри гули лола» дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур то 18 март баргузор шуда, комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои фестивалро то 25 март ҷамъбаст ва ба Комиссияи ҷумҳуриявии фестивал пешниҳод намуд.
Тибқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, то имрӯз дар шаҳраку маҳаллаҳо, гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди ташкилоту муассиса ва идораҳо ба миқдори 6 миллиону 601 ҳазору 728 дона гули лола шинонида шуд, ки 151,7 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе то имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 9 миллиону 42 ҳазору 790 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сайри гули лола» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб гузаронида шуда, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дар асоси тадбирҳои андешидаи мақомоти шаҳрдорӣ вобаста ба тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва гулшинонӣ барандаи Шоҳҷоизаи фестивал гардид.
Дар ин зимн ба ифтихори Рӯзи пойтахт Фестивали «Сайри гули лола» бо фароҳам овардани барномаи махсуси фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» доир гашта, ғолибон қадрдонӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






