Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз меёбанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 175- нафараи ҳунармандони Узбекистон ба Тоҷикистон омад.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон, вохӯрии зиёиён, барномаи консертии Маркази миллии «Мақом»-и Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ва дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» баргузор мегардад.
19 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии Маркази миллии «Мақом»-и Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ доир мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид






