Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд

Апрель 16, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз меёбанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Тавре қаблан хабар дода будем, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 175- нафараи ҳунармандони Узбекистон ба Тоҷикистон омад.

Ёдовар мешавем, ки  аз 15 то 20 апрел  дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон, вохӯрии зиёиён, барномаи консертии Маркази миллии «Мақом»-и Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ва дар Маҷмааи  давлатии  «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» баргузор мегардад.

19 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии Маркази миллии «Мақом»-и Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ доир  мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид