Дар Хоруғ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» идома дорад
ХОРУҒ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» идома дорад, ки 7 апрел ба анҷом мерасад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.
Баргузории фестивалро масъулини Китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуадуллоҳ Рӯдакӣ бар уҳда доранд. Давоми як ҳафта дар 14 муассисаи таълимии шаҳр маҳфилҳои гуногуни адабию мусиқӣ баргузор мешаванд.
Дар рӯзи аввали фестивал довталбон корҳои эҷодиашонро дар саҳни литсей ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоирону нависандагони муосири тоҷик гузошта шуда буд.
Иштирокдорони фестивал гурӯҳи адибони шинохтаи вилоят ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳрро бо барномаи хоссаи адабию мусиқӣ истиқбол гирифтанд.
Мудири бахши фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташо Амирхонов изҳор дошт, ки «имсол ин фестивал ба гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бахшида шудааст. Номи ин шоири маъруфи тоҷик ва яке аз поягузорони адабиёти бачагона барои сокинони ҷумҳурӣ шинос аст, зеро аксарияти мо бо шеъру достонҳои пурмазмуну пурҳикмати ин шоири ширинкалом ба воя расидаем. Қиссаву достон ва шеърҳои ин шоири тавоно бо забони содаву фасеҳ ва услуби дилкаши бадеӣ ҳам дар он замон ва ҳам имрӯз яке аз асарҳои дӯстдоштании халқи тоҷик ба шумор мераванд».
Дар ифтитоҳи фестивал ҳамчунин раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шоирон Хушомади Алидод, Саодати Саидназар ва Гулнисои Атоӣ аҳаммияти чунин фестивалу озмунҳоро дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон, баланд бардоштани завқи бадеии онҳо муҳим арзёбӣ намуда, яке аз ҳадафҳои чунин фестивалу озмунҳоро ҳарчӣ бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобхонӣ унвон намуданд.
Иброз гардид, ки дар ҳар хонаводае, ки китоб аст, он ҷо маърифату фазилат ва фазои солим аст. Зеро китоб маҳсули ақлу заковат буда, омили асосии ҳифзи мероси гаронбаҳои тамаддуни башарӣ мебошад. Китоб ба инсон сухан ҷустану сухан суфтанро меомӯзад, доираи тафаккуру андешаро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун менамояд.
Дар фарҷом ба як гурӯҳ хонандагони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд






