Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб вохӯрӣ-машварат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Мулоқот дар доираи маҳфили омӯзишии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» баргузор шуда, дар он бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода вобаста ба ташаббусҳои ғамхоронаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии мавқеи ҷавонони даврони истиқлолият, такя ба неруи созандаи ҷавонон ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз суҳбати мубоҳисавӣ доир гардид.
Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии мавқеи арзандаи ҷавонон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳо ва ташаббусҳои пай дар пай амалӣ гардида истодаанд.
Иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Самараи неки истиқлол ва баракати сулҳу суботи сиёсии мамлакат аст, ки дар Тоҷикистон ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила бо ёдоварӣ аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фаъолгардонии нақши ин қишри ҷомеа иброз дошт, ки Пешвои миллат дар ҳар суханронии худашон пайваста таъкид менамоянд, «мо бо ҷавонони созандаамон ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд».
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»,
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






