Дар ноҳияи Хуросон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар як рӯз иҷро гардид

Апрель 2, 2024 13:08

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ноҳия дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ нақшаро 100 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти ноҳия оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози ақида намуданд.

Дар ҳамоиш ба 15 ҷавон Шаҳодатномаи кафшергари барқӣ ва ба 73 аскари навдаъват Шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Апрель 2, 2024 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид