Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар/. Аз 22 апрел дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №61 тавассути терминали ғарбӣ-таваққуфгоҳи маркази савдои «Ховарон» ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Алишери Навоӣ, Карамов, Низоми Ганҷавӣ, Исмоили Сомонӣ, Шероз, Шотемур, Мирзо Турсунзода, Нисор Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Мастонгулов, Зебунисо ва Садриддин Айнӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии автобусҳои наву муосир истифода намоянд. Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ амалӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






