Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд

Апрель 15, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар/. Аз 22 апрел дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №61 тавассути терминали ғарбӣ-таваққуфгоҳи маркази савдои «Ховарон» ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Алишери Навоӣ, Карамов, Низоми Ганҷавӣ, Исмоили Сомонӣ, Шероз, Шотемур, Мирзо Турсунзода, Нисор Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Мастонгулов, Зебунисо ва Садриддин Айнӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии автобусҳои  наву муосир истифода намоянд. Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ амалӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад