Дар шаҳри Ҳисор ба 9 нафар шахси имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 9 маъюбе, ки дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, ба номи Мирзо Турсунзода, Ориён, Навобод, Ҳисор ва Сомони шаҳри Ҳисор зиндагӣ менамоянд, аробачаи маъюбӣ супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Зимни тақдими аробачаҳои маъюбӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеаро ҳаргиз хор шудан намемонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ омода аст ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намояд.
Аробачаҳои маъбӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастрас гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






