Дар шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ободу зебо намудани шаҳр ва фароҳам овардани ҳолати санитарию гигиенӣ бо иштироки зиёда аз 100 омӯзгору донишҷӯ ва кормандони қисми хоҷагидорӣ ҳашари тозагӣ гузаронида шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад, дар ҳашари умумӣ синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезҳо, хобгоҳи донишҷӯён ва ду канори шоҳроҳи асосии назди муассиса тоза карда шуд. Як қисми кормандони хоҷагӣ ва омӯзгорон дар атрофи муассиса ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ шинониданд.
Чунин корҳои ободонӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи муассиса ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе фориғ аз дарсҳо гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






