Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 19.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2024 иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки тибқи натиҷаи мониторинги иҷро ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 милиард сомонӣ иҷро гардидааст, ки аз ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда 54,2% мебошад. Ҳамчунин дар 88 лоиҳа корҳо идома дошта, аз ҳисоби иҷрои лоиҳаҳо 43,2 фоизро дар бар мегирад.
Таъкид карда шуд, ки дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол ба 4 миллиарду 120,6 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 130 фоизро ташкил дод, ки ин 949,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ 120,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 125,1% ё 24,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Содироти мол ба 66,2 милион доллар расид, ки нисбат ба соли 2023 182,7% ё 30 миллион доллар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилоят 54,4 миллион долларро ташкил додааст.
Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






