Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имконоти сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ наворҳои таблиғотии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии телевизионии «Euronews» намоиш дода мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, ин иқдом бо мақсади муаррифии имконоти васеи сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ гирифта шудааст. Дар роликҳои таблиғотӣ табиати нотакрори Тоҷикистон, қаторкӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои мусаффо, пиряхҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Пахши чунин маводи таблиғотӣ тавассути яке аз шабакаҳои маъруфи телевизионии ҷаҳон барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои ғании табиӣ, мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва имконоти гуногуни сайёҳӣ ба доираи васеи тамошобинони байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шабакаи «Euronews» қариб 500 миллион тамошобин дошта, дар 160 давлати ҷаҳон дастрас мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 1 миллиону 551 ҳазору 200 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 154 ҳазору 240 нафар аз мамлакатҳои хориҷи дур ва 1 миллиону 396 ҳазору 960 нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва имконоти сайёҳии он шаҳодат медиҳанд.
Бояд гуфт, ки соли равон дар мамлакат «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд. Тибқи арзёбии ин барнома, дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ мавҷуд буда, барои кашфи мавзеъҳои нав шароит фароҳам оварда шудааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фурудгоҳи маҳаллӣ сохта мешавад
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад






