Дар заминаи корхонаи «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» хати нави истеҳсоли амстронг бунёд мешавад

Апрель 13, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 13.04.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмони хати нави истеҳсоли амстронг дар корхонаи истеҳсолии гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ин коргоҳ дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти Даҳана, дар заминаи корхонаи ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа коргоҳ иқтидори истеҳсоли 3 миллион метри мураббаъ амстронгро дар як сол доро буда, барои 35 ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст. Хати нави истеҳсолӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ бунёд мешавад.

Ба Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ба корхона ворид ва корҳои сохтмонию насби таҷҳизоти технологӣ пурра иҷро мегардад. Дар айни замон омодагӣ ба оғози сохтмон идома дошта, аз даҳаи дуюми моҳи апрел мутахассисони чинӣ дар корхона корро шуруъ менамоянд.

Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 мутахассису коргар бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст.

Қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд. Инчунин дар ҳудуди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил гардидааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро низ таҳлилу ташхис намуда, дар бораи сифати мавод хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ сол то сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ҳамкории босамари ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 13, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Барги Шоҳтут» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонии ҶДММ «Ганҷи Рӯшон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСП «Мармар Стоун»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд