Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид

Апрель 12, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария  хабар медиҳад.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дастовардҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ марбут ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария 

Апрель 12, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид