Доир ба сохтмони ояндаи Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 5, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эксимбонки Ҷумҳурии Корея барои сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад.

Ёддошти ҳамкорӣ зимни ҷамъбасти брифинг, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея оид ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба имзо расонида шуд.

Дар брифинг ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ва сохтмони ояндаи «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар ин самт маълумот доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баррасӣ ва тасдиқи ҳаҷми лоиҳаи нақшаи генералии таъсиси системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, инчунин бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ» вохӯрӣ анҷом дод.

Бояд гуфт, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз масъалаи афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, таъсиси марказ ба самти пешгирии ин гуна бемориҳо, алалхусус бемориҳои ниҳоят хавфнок равона мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ