РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26-27 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи илм дар мавзӯи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» — асоси саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад.
Дар конференсия иброз гардид, ки баргузории ин ҳамоиш пеш аз ҳама ба амалисозиву омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040» нигаронида шуда, дар ҳалли масоили матраҳшаванда мусоидати бештар менамояд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби олимони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Мавқеи инфрасохтор дар тезонидани индустриализатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон», «Модели математикии ифлосшавии ҳавои атмосфера аз тӯфончангҳо (дар мисоли шаҳри Душанбе)», «Таҳияи либосҳои болопӯши кешбофӣ бо технологияи захирасарфаҷӯӣ» ва «Худшиносии миллӣ – ҳамчун иммунитети иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои муосири сиёсӣ» маърузаҳо пешниҳод гардид. Иштирокдорон доир ба маърӯзаҳои илмии пешниҳодшуда ибрози назар карданд.
Тибқи барнома, конференсия дар бахшҳои «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити рақамикунонии саноати хӯрокворӣ», «Татбиқи технологияи сабз ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон», «Саҳми технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Самтҳои асосии рушди босуръати саноат ва такмилдиҳии сохтори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳамбастагии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва раванди саноатикунонии ҷумҳурӣ» баргузор шуд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






