ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид

Апрель 7, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Давҳа баргузор мешавад, идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамлагар Шаҳром Самиев, ки як рӯз қабл дар ҳайати бошгоҳи футболи «Андиҷон» дар Суперлигаи Узбекистон голи аввалини худро ба самар расонд, ба мунтахаби олимпии мамлакат дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҳамроҳ шуд.

Ҳоло сармураббии мунтахаби олимпии мамлакат 22 бозингар дар ихтиёр дорад. 8 апрел нимҳимоятгари «Тюмен»-и Русия Руслан Хайлоев ва 10 апрел бозигари «Динамо»-и Тифлис Алишер Шукуров ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон меоянд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) рақобат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 7, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод