Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани тарма боқӣ монда, дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 13-15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр борону барф), шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ бориши бошиддат ба амал омада, дар нимаи дуюми рӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа гарм, рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Дар нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм, рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, нимаи аввали рӯз борон борида, нимаи дуюми рӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






