КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Апрель 11, 2024 08:48

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шароити имрӯза вобаста ба пешравии илмӣ-техникӣ омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои миллию муосир зарур буда, барои дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир будани мутахассисон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд. Воқеан ҳам, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш, техникаву технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароит муҳайё шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони мамлакат дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Дар  ин хусус муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Алишер Ализода ба АМИТ «Ховар» андешаҳояшро баён намуд.

— Зимнан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот  бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид доштанд, ки «…ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона намуда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, имрӯзҳо шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон метавонанд дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ садҳо касбу ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯро омӯхта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ саҳм гузоранд.

Ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллию муосир ва бо шуғли муносиб, арзанда ва пурмаҳсул таъмин намудани онҳо ба раҳонидани ҷомеа аз буҳрони иқтисодӣ ва таҳкими заминаҳои иҷтимоию маънавӣ мусоидат намуда, ба раванди рушди сиёсати иҷтимоии давлат суръат мебахшад. Маҳз бо назардошти муҳимияти ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин таъкид намуданд: «Ба кулли мардуми Тоҷикистон мегӯям: вақте, ки мову шумо фарзанд ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Яъне чӣ? Мо бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем, касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд.  Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол менамояд, яъне дар зиндагӣ доим азият мекашад. Вазифаи мову шумо он аст, ки онҳоро тарбия кунем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, илм омӯзонем, ки баъди сари мову шумо зиндагии мустақилонаашонро пеш бурда тавонанд».

Албатта, дар вазъияти мураккаби фазои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ,  аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо мебояд, ки ба таълиму  тарбияи фарзандон ва омӯхтану  аз худ намудани касбу  ҳунарҳои миллию муосир аз ҷониби онҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ саъю талош намоем.

Муссалам аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аз ҷумла давоми солҳои 2021-2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» дар таҳрири нав қабул гардида,  бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таснифоти миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо», «Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб», «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2025» ва «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расиданд.

Дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо давоми солҳои мадди назар зиёда аз 1 миллион шаҳрванди мамлакат ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда,  малакаи касбии 3 ҳазор ҳунарманд ба расмият (валидатсия) дароварда мешавад.

Ҳамчунин барои дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, курсҳои сайёри касбу ҳунаромӯзӣ дар деҳоти  дурдаст ташкил мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин соҳибкасб будани шахсиятҳои маъруфи олами ислом, аз ҷумла паёмбарон ва бо меҳнати ҳалол нон хӯрданро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки “дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ суиистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад.

Дар натиҷа баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мебаранд.  Бояд гуфт, ки муллогӣ касб набуда, балки хизмати холисона дар роҳи Худо барои мардум, яъне ба хотири савоб гирифтан аст.

Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст».  Аз Бобои Одам – Деҳқон то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад, ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд. Ҳазрати Нуҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзиашонро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд.  Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад».

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки гузаштагони мо дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ барои омӯзиши фарзандон ва фаро гирифтани онҳо ба таълиму тарбия аз ҳама имконият истифода бурда, барои ба илму донишомӯзӣ ва касбомӯзӣ ҷалб кардан ва ба зиндагии мустақилона омода намудани онҳо пайваста талош менамуданд.

Ҳамчунин ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатӣ ва ҷисмонии  фарзандон диққати аввалиндараҷа медоданд. Муҳимтарин ҳадафҳои омӯзишро, ки барои таҳкими манбаъҳои иҷтимоӣ дар осори ниёгони мо дарҷ шудаанд, метавон ба якчанд қисм, аз ҷумла динӣ ва ахлоқӣ (имон, тазкияи нафс, виҷдон-пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек), нерумандӣ ва беҳдошт (ҷавонмардӣ, ростӣ, поктанӣ, тандурустӣ),   иқтисодӣ (кишоварзӣ, обёрӣ, бозаргонӣ ва шуғлварзӣ),   сиёсӣ (равобити умумӣ-амният ва кишвардорӣ, равобити хориҷӣ- дӯстӣ бо ҳамсоягон), ҷангӣ  (нигоҳдории марзу бум, ҳифзи оромӣ ва дифоъ дар баробари душманон) хулоса намуд.

Омӯзиши анъана ва суннатҳои таълимию тарбиявӣ дар осори ниёгони мо нишон медиҳад, ки пайдоиши касбу ҳунарҳо  аз давраи пайдоиши инсон сарчашма гирифта, инсонҳо дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ, барои беҳбуд бахшидани зиндагӣ заҳмат кашида, барои пеш бурдани рӯзгори хеш ва ҳал кардани масъалаю мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ касбу ҳунарҳои гуногун меомӯзанд.

Яъне, омӯхтану аз худ намудани касбу ҳунар дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ асоси пешрафти ҷомеаи инсонӣ маҳсуб шуда, ба таъмини баробарии иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона шудааст. Бо пешравии илмӣ-техникӣ ва хусусияти меҳнати инсон дар ҷомеаи муосир касбҳо гурӯҳбандӣ шуда, ба ихтисосҳо ҷудо шудаанд.

Дар ин раванд дар интихоби дурусти касб роҳнамоии касбӣ ҷойгоҳи хосса дошта, лозим аст, ки дар байни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузории чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ тақвият дода  шуда, доир ба касбҳои зарурӣ, кӯҳнашуда ва муосир ба наврасону ҷавонон маълумоти муфассал дода шавад.

Дар замони муосир новобаста аз шакл ва намуди идоракунии давлат, маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, рӯй овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталиф замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки  «таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкории мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва кӯҳна гардида истодааст. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони мамлакат аст.  Ба ин хотир, аз ҳама имконият истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд. Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад. Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, то дар зиндагии оянда азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд».

Ҳоло барои ба таҳсилоти касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва  62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд.   Инчунин дар назди 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ,  78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бо 38 филиал ва 221 марказҳои  таълимии ғайридавлатӣ курсҳои кутоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ин курсҳо касбу ҳунарҳои миллию муосирро омӯхта, соҳибкасб гарданд.

Танҳо соли 2023 тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти  калонсолон, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва марказҳои таълимии ғайридавлатӣ 217 ҳазору 969 шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонон соҳибкасб гардиданд.

Дар ҷомеаи муосир бо шуғли муносиб фарогирии аҳолӣ, хусусан ҷавонон яке аз воситаҳои асосии бадастоварии баробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта,  дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фарогирии ҳарчӣ бештари онҳо ба шуғли пурмаҳсул ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Дар ҷумҳурӣ шумораи аҳолии қобили меҳнат 5 миллиону 804,7 ҳазор нафар, аз ҷумла ҷавонони 15 – 29-сола, ки қобили меҳнат ҳисобида мешаванд, 2 млн 155,1 ҳазор нафар ё 37,4 фоизи захираҳои меҳнатиро ( 5 миллиону 754,0 ҳазор нафарро) ташкил медиҳанд.

Аз ин хотир фароҳам овардани шароит барои мусоидат ба шуғли ҷавонон ва ҷалби онҳо ба шуғли пурмаҳсул яке аз афзалияти асосӣ дар сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад. Давоми соли 2023 дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44,7 ҳазор нафар ҷавон бо ҷойи кор таъмин шуда, 11,7 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ҷалб гардида, 8,7 ҳазор нафар аз хизматрасонии роҳнамоии касбӣ истифода бурданд.

Дар баробари ин, 2,1 ҳазор нафар ҷавони бекор ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуда, бо ин мақсад 638,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ин барнома хароҷот гардид. Моҳи августи соли сипаришуда бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ба тасвиб расид, ки бешак барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Метавон хулоса намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза роҳи ягонаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба зиндагии шоиста- ин омӯхтани илму дониш, техникаю технологияи муосир ва аз худ намудани касбу ҳунар ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ҷавононро мебояд, ки ҳарчӣ бештар ба омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар машғул шуда, дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва таъмини амнияти миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд