ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад

Ноябрь 9, 2026 16:26

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, бориши борону барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ бориши борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр гузариши борон ба барф пешгӯӣ мешавад.

Аз 9 то 13 ноябр бо сабаби бориши борон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани сел дар назар аст.

10 ноябр дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, инчунин дар аксари ноҳияҳои вилояти Суғд борони бошиддат борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) борон ба барф мегузарад. 11 ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бориши бошиддати борон пешгӯӣ мешавад.

10–11 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 7–12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд. Ба масъулини соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2026 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид