«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони Ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
БАЛҶУВОН, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Зарнисори Ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон аз хизмати «Корвони саломатӣ» бархурдор шуда, аз ташхису муоинаи тиббӣ ройгон истифода бурданд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба аҳолии ноҳия кумаки аввалини тиббӣ расонида шуда, онҳо ба ташхису муоинаи тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Ин навбат низ мутахассисони тиб сокинони деҳаи Зарнисорро аз ташхиси ултрасадо, рентген, лабораторияҳои сайёр барои бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу рагҳои хунгард, шуш, роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо гузаронида, ҳамзамон баҳри пешгирӣ ва усулҳои табобати бемориҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаи тиб маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуданд.
Сокинони деҳа дар бунгоҳи саломатии деҳа бештар ба табибони асабшинос, кардиолог, чашму гӯшу бинӣ, бемориҳои ҳозима ва ташхиси рентгенӣ муроҷиат намуданд. Сокинон аз ташкили «Корвони саломатӣ» бисёр хушнуд шуда, миннатдориашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилкунандагон изҳор намуданд.
Чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, кормандони соҳаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳияҳои кӯҳистон, ки ба чунин хизматрасониҳо ниёз доранд, кумаки тиббӣ мерасонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






