МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон растониҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хеле васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо мерӯянд ва хусусияти табобатии онҳо хеле баланд мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои худрӯи шифобахш мавҷуд аст, аз ҷумла барги зуф, испанд, қоқӯ, дулона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра.
Яке аз ин гуна растаниҳо қоқӯ аст, ки дар маҳалҳои дигари мамлакат бо номҳои гули қаҳқаҳ, дегкафонак ё ширгулак маълум аст. Номи байналмилалии илмии он ба забони лотинӣ Taráxacum officinále — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола аст.
Тавсифи биологӣ
Пояи қоқӯ 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги пояи қоқӯ «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Қоқӯ дар як сол ду маротиба- баҳор ва тирамоҳ гул мекунад. Барги қоқу дар бехи поя месабзад. Қоқу дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон фаровон аст. Он одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ, канори роҳу назди иқоматгоҳҳо месабзад.
Қоқу гиёҳи қадимии ғизоӣ мебошад. Барги онро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Тоҷикон аз барги қоқу ва гиёҳҳои дигар самбусаи алафӣ мепазанд ва бехи онро тару тоза истеъмол менамоянд. Барои рафтани талхӣ қоқуро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан зарур аст.
Хосияти шифоӣ
Қоқу гиёҳи маъмулии доругӣ мебошад. Бино ба маълумоти Теофраст (372 – 287 то мелод), қоқу доғи кунҷитакро барҳам медиҳад. Абӯалӣ ибни Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқо (бемории обхурак)-ро табобат менамуд. Бо «шир»-и қоқу «гул»-и чашмро меравонд. Аз баргу пояи он марҳаме тайёр намуда, ба ҷои каждумгазида мебаст, зеро қоқуро позаҳр меҳисобид.
Бино ба маълумоти «Махзан-ул-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн хосияти қоқу асосан ба хосияти коснӣ монанд аст, вале нисбат ба он таъсири сахттар дорад. Қоқу хунпартоиро бозмедорад, меъдаро қувват мебахшад. Хокаи решаи қоқуро ба ҷои газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок мебанданд. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар, заъфарма, иллати заҳрадон, дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯст, инчунин ба сифати доруи заҳрарон, мушаҳҳӣ (иштиҳоовар), исҳоловар ва пешоброн истифода мебаранд.
Аз барги тару тозаи қоқу хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад.
Дар тибби илмӣ ҷӯшоби қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Қиёми равғании қоқу давои хуб барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ аст. Ҷӯшоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи қоқуро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонда, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок як истаконӣ меошоманд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима, иштиҳоовар ва заҳрарон истифода мебаранд.
Солҳои охир муайян намудаанд, ки бехи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз (дарди артерияҳо) хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан (дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок 5 г) зарур мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






