«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ». Таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат»-таҳти чунин унвон китоби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шариф Қозиён чоп шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд, дар китоб роҷеъ ба мафҳуми Ваҳдат, паҳлуҳои гуногуни он, азму талошҳои Пешвои миллат бобати бештар ва амиқтар ба мардум, бахусус ҷавонон фаҳмонидани моҳият ва арзишҳои башарии ваҳдати миллӣ маводи муътамад ва арзишманд фароҳам омадааст.
Китоби «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат» аз силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бобати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонанда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад. Ҳамчунин дар мақолаҳои ҷудогона паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ аз лиҳози хронологӣ ташреҳ гардида, нақши онҳо дар рушди тадриҷии тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол илман асоснок шудаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо, пажуҳандагони таърихи ваҳдати миллӣ, унвонҷӯён, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт, ки қаблан ду китоби арзишманди ин донишманд дар бораи фаъолияти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор гардида, аз ҷониби коршиносони сиёсӣ ва мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






