НАМУНА БАРОИ ИБРАТ. Сокини шаҳри Истаравшан усто Солеҳ Азизов маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро дар ободонии роҳи маҳалла сарф намуд

Апрель 7, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар баробари мақомоти давлатӣ саҳми сокинони шаҳри бостонӣ низ дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ назаррас аст. Аз ҷумла, барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини шаҳр усто Солеҳ Азизов маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро дар ободонии роҳи маҳалла сарф намуд.

Бо ташаббус ва маблағгузории ин марди саховатманд 300 метр роҳ бо паҳноии 10 метр мумфарш карда шуд.

Чунин шахсони саховатманд дар иҷрои амалҳои хайру савоб намунаи ибрат буда, дар дигар минтақаҳо низ сафи чунин инсонҳо кам нест.

Ба иттилои манбаъ, роҳи кӯчаи марказӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масофаи 1,8 километр мумфарш мегардад.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ 2,5 километр роҳи ҳудуди шаҳри Истаравшан, ки солҳо инҷониб ба таъмир ниёз дошт, аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола садҳо километр роҳ таъмиру бозсозӣ мешаванд. 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 7, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе