ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозингарон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Зимни мулоқот роҳбарият бо бозингарон ва ҳайати мураббиён дар бораи Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрели соли равон дар Таиланд баргузор мешавад, суҳбат намуд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо даста хайрухуш карда, ба онҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё барору комёбӣ таманно намуданд.
Имрӯз, 6 апрел дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзали мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба Тайланд сафар намуда, онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро пеш аз қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мегузаронад.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) рақобат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






