ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

Апрель 6, 2024 14:59

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозингарон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зимни мулоқот  роҳбарият бо бозингарон ва ҳайати мураббиён дар бораи Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрели соли равон  дар Таиланд баргузор мешавад, суҳбат намуд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо даста хайрухуш карда, ба онҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё барору комёбӣ таманно намуданд.

Имрӯз, 6 апрел дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзали  мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба Тайланд сафар намуда, онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро пеш аз қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мегузаронад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) рақобат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 6, 2024 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд