ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии дуюм дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон мусовӣ бозӣ кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Қирғизистон 20 апрел дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ- 2:2 анҷом ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ва Комрон Алиев ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 ба муқобили дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфт. Дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 2 ба муқобили дастаи мунтахаби футзали Ҷопон пирӯз гардид.
Бояд гуфт, ки дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 22 апрел бо чемпиони амалкунандаи мусобиқа- дастаи мунтахаби Ҷопон бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена» доир мешавад. Оғози рақобат ба вақти Душанбе соати 14:00 аст.
Ҷоми Осиё 2024 | Даври 2
Қирғизистон 2:2 Тоҷикистон
Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 9 (0:1). Комрон Алиев, 30 (0:2). Шоҳрух Маҳмадаминов, 36 (1:2). Мақсат Олимов, 40 (2:2).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






