«ОСОИШГОҲИ ШОҲАМБАРӢ» ДАР МАВЗЕИ ХУШМАНЗАРИ ҚАТОРКӮҲҲОИ ҲИСОР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони истироҳатӣ

Апрель 13, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо гарм шудани ҳаво теъдоди истироҳаткунандагон дар осоишгоҳҳо меафзояд. Шумораи хоҳишмандон дар «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» низ, ки чанд сол пеш навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст, сол то сол меафзояд.

Осоишгоҳи мазкур дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст. Оби шифоии он бо таркиби физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ қарор гирифта, таркиби он намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дошта, ҳарораташ 33-36 дараҷа гарм мебошад.

Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд (дараҷаи якум ва дуюм), ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст.

Зоҳирҷони ТОИРЗОДА, (АКС)
АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 май дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст мешавад. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
САД РАНГИ ЧАКАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии ин фестивал таҳия гардидааст
БИНОҲОИ МУҲТАШАМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар арафаи баргузории ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»
БОҒИ «АЛИШЕР НАВОӢ»-РАМЗИ ДӮСТИИ АБАДИИ ТОҶИКУ УЗБЕК. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони писандидаи меҳмонони дохилию хориҷӣ таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ЛОЛАҲО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
ФАРДОИ ДУШАНБЕ. АМИТ «Ховар» лоиҳаи ангоравии биноҳои дар пойтахт бунёдшавандаро манзур менамояд
ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Кӯдакон — тарғибгари либоси миллӣ
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Норак»
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе
СУРАТГУЗОРИШ. Баҳор ба «Қалъаи Хуҷанд» ҳусну таровати тоза бахшидааст