Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2024» ду медал ба даст оварданд

Апрель 1, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2024» дар шаҳри Анталияи Туркия ҷудочиёни тоҷик Умедҷон Раҷабов, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал ба муқобили Ҷамол Петграви бритониёӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар ҳарифи пурқувваташ Ван т Энд Ноели нидерландӣ бо се огоҳӣ дастболо гардид ва ба даври сеюм баромад. Мутаассифона, дар даври сеюм Комроншоҳ бо имтиёзи иппон аз ҷудочии маҷорӣ Петер Сафрани мағлуб шуда, мусобиқаро тарк намуд.

Варзишгари дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал ба муқобили Зелимхан Башаеви баҳрайнӣ бо имтиёзи вазарӣ дастболо гардида, дар даври дуюм бе мушкилӣ бо имтиёзи иппон ба муқобили Аднан Килики мизбон музаффарият ба даст овард. Дар даври сеюм Ҷаҳонгир бо се огоҳӣ рақобатро ба Леонардо Гонсалвеси бразилӣ бохта, аз идомаи рақобатҳо берун шуд.

Паҳлавони дигари мо Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон аз ҷудочии украинӣ Антон Савютский мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг дар даври аввал аз Нгайап Ҳамбоуи фаронсавӣ мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард.

Хотиррасон мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2024» паҳлавони мо Абубакр Шеров ҳунару маҳорати воло нишон дода, байни 61 ҷудочӣ дар вазни то 73 килограмм мақоми панҷумро касб намуд.

Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг дар рӯзи дуюми мусобиқа дар даври аввал ба муқобили Артур Маргелидони канадагӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бо имтиёзи иппон бар Рамазон Коджакови баҳрайнӣ ғолиб омад. Дар даври сеюм Шеров бо имтиёзи «осаекоми» ба муқобили намояндаи Кипр — Андреу Киприанос дастболо гардида, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Шеров дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ба муқобили Мануел Парлатии итолиёвӣ бо имтиёзи «осаекоми» дастболо шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Мутассифона дар даври нимниҳоии мусобиқа Абубакр Шеров дар рақобати мушкил бо имтиёзи иппон аз Одил Османови молдовӣ мағлуб шуда, осеб бардошт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Шеров барои нишони биринҷӣ муборизаро бо Шахром Ахтови узбек идома дода, мутаассифона бо имтиёзи иппон мағлуб шуд.

Ба ҳамин тартиб, ҷудочиёни тоҷик бо медали нуқраи Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва медали биринҷии Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2024»-ро ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» мебошад, ки аз 3 то 5 майи соли 2024 баргузор мегардад.

АКС аз сомонаҳои боз

Апрель 1, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид