Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад

Апрель 30, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 май дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки паҳлавонони шинохтаи дохилию хориҷӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Саидҷамол Алимардонов, Бачаҷон Қаҳҳоров, Хуршед Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов, Шакармаҳмад Мирмамадов, Умар Расулов, Улуғбек Раҳимов, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев, Хайрандеш Муродзода, Суҳроб Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Суҳроб Муҳаммадиев, Фарзиншоҳ Ҳусейнов, Ғаниҷон Ғаниев, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок намуда, бо ҳарифонашон гӯштин мегиранд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, уштур, асп, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд