Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд

Апрель 3, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ  байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита  равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  густариш меёбад.

Дар ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони туркман барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.


Бояд гуфт, ки  пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд.

Тибқи барнома, 4 апрел  ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории рӯзҳо 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.


Иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон 5 апрели соли 2024 анҷом меёбанд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд