Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш меёбад.
Дар ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони туркман барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.



Бояд гуфт, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд.
Тибқи барнома, 4 апрел ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории рӯзҳо 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.



Иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон 5 апрели соли 2024 анҷом меёбанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид






