Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Департаменти омори Хазинаи Байналмилалии Асъор дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Вашингтон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо ҳайати Департаменти омори Хазинаи Байналмилалии Асъор вохӯрии корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар қисмати низоми бонкӣ вобаста ба ҷамъоварию таҳлили маълумот, хусусан омори хориҷӣ, аз ҷумла тавозуни пардохт, мавқеи байналмилалии сармоягузорӣ ва маҷмуи қарзи беруна, омори бонкӣ, моделсозӣ ва пешгӯӣ, тақвияти иқтидори моделсозӣ ва пешгӯӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, такмили омори пулӣ ва дар қисмати низоми молия масъалаҳои гузариш ба низоми GFS2014, такмили равандҳои буҷет ва ҳисобҳои миллӣ ибрози назар намуданд.
Дар анҷом ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд ба ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҷалби кумакҳои техникӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар мулоқот гуфташуда мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






