Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд

Апрель 19, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ  мебахшад.

Таъкид шуд, ки давоми беш аз сӣ соли истиқлолият ҳарду давлат дар ҳамкории созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд. Дар ин давра низоми қавӣ ва васеи шарикии стратегии дуҷониба, ки бар заминаи ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ асос ёфтааст, ба роҳ монда шуд. Заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба аз 200 санад, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун танзим мекунанд, иборат мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ ба манфиати давлату миллат ҳарчӣ бештар рушд ва густариш ёбанд.

Робитаҳои мавҷудаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар рушди ҳамкории гуногунҷанба ва судманд саҳми арзанда мегузоранд.

Дар мулоқот махсус иброз гардид, ки  заминаи ҳуқуқӣ байни Палатаи қонунгузории Олии Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ, ки 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст ва Протокол дар бораи вазъият ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, ки моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду давлат ба имзо расидааст, ташкил медиҳанд.

Изҳор гардид, ки  фаъол шудани гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар парлумонҳои ҳарду давлат таъсис ёфтаанд, инчунин робитаҳои зич байни кумитаҳои дахлдор ҳам ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳам ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат менамоянд.

Зимни суҳбат гуфта шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат мебошад. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабинихои гуногун, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масьалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд