Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






