Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок намуд

Апрель 13, 2024 11:58

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии қолаби Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории шашҷониба бо тамаркуз ба татбиқи натиҷаҳои саммити якуми қолаби мазкур, ки моҳи октябри соли 2022 доир гардида буд, табодули афкор анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки дар пасманзари таҳаввулоти босуръат дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ муколамаи самимона ва боэътимод байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аҳамияти хосса касб мекунад.

Вазири корҳои хориҷӣ мавқеъ ва назари Тоҷикистонро доир ба масоили коркард ва қабули Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи натиҷаҳои саммити Осиёи Марказӣ ва Русия муаррифӣ намуд.

Вазир тазаккур дод, ки рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти муҳоҷират дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ хусусияти мутақобилан судманд дорад. Дар робита ба ин зарурати фароҳам овардани шароити муносиб барои захираҳои меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва дар маҷмуъ идоракунии оқилона ва дурандешонаи масъалаҳои муҳоҷират таъкид гардид.

Дар суханронии Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар бораи шуруи лоиҳаи “Иқтисоди пешбинишаванда” ва қабули Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи саноатӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия зоҳир карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2024 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид